Collector | Bokhtar city /Dushanbe

Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРУЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРУЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Дар «ФУРУЗ» зиёда аз 120 корманд дар Саридораи ш. Бохтар ва дар 8 то марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.

 

Вазифаҳои асосӣ:

• Ситонидани қарзҳои дермонда/мушкилситон;

• Иҷрои нақшаҳои ҳармоҳа доир ба қарзҳои дермонда/мушкилситон;

• Якҷоя бо мизоҷ роҳҳои ҳалли мушкилии ба миён омадаро барои ситонидани қарз ҷустуҷӯ намудан;

• Омода намудани пешниҳодот ба Кумита қарзҳои дермонда оид ба қарзҳои дермонда ва иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи мазкур;

• Дар ҳолати зарурӣ ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор барои ситонидани қарзҳои дермонда/мушкилситон.

 

Талабот:

• Маълумоти олӣ ё миёна (дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ афзалиятнок дониста мешавад);

• Доштани таҷрибаи корӣ дар гардонидани қарзҳои мушкилситон, корманди қарзӣ ё таҷрибаи корӣ дар мақомотҳои қудратии давлатӣ;

• Малакаи хуби муомила, таҷрибаи идоракунии cӯҳбатҳо/ҳолатҳои душвор;

• Маҳорати хуби муошират ва кор дар даста;

• Дониши компютерӣ (Word/Excel);

• Қобилияти корбарӣ дар муҳити тағйирёбанда ва сафарҳои хизматӣ рафтан.

 

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридораи “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.

Телефон барои маълумот: 988470354;

Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.